Яксаду ҳаштод сол пеш, 9 январ суратгирӣ (аксбардорӣ) ихтироъ шуд. Соли 1839 дар ҷаласаи Академияи илмҳои Париж Дагер ва Непс дар бораи ихтирои дагеротипия – тарзи нахустини аксбардорӣ хабар доданд.
Ба ин муносибат мо аз масъули ташкили бойгонии суратҳо – аксбардор Нозим Қаландаров дархост намудем, ки аз миёни садҳо ҳазор суратҳо 10-то муҳимтаринашро интихоб намояд, ки манзуратон мегардонем.
Соли 2005, амали террористӣ дар бинои он замон Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва “Амонатбонк”, автомашинаи “Газ-24” таркида, ронанда ҳалок шуд. Фарзияе вуҷуд дошт, ки ин амал алайҳи роҳбари Вазорат Мирзо Зиёев ё раиси “Амонатбонк” Маҳмадамин Маҳмадаминов равона шудааст.
Соли 2007, сӯхтор дар бинои Донишгоҳи тиббӣ. Дар хомӯш кардани он ҳамаи дастаҳои оташнишонии ВКД Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иштирок карданд.
Соли 2005, қурби доллар дар Тоҷикистон босуръат боло рафта, Бонки миллӣ тасмим гирифт, ки онро бо қурби нисбатан пасттар – 5,95 сомонӣ барои 1 доллар фурӯшад. Он замон доллар дар ду нуқтаи мубодилаи асъори пойтахт фурӯхта шуда, назди ин нуқтаҳо издиҳоми зиёди мардум навбатпойӣ мекарданд.
Соли 2017, моҳи феврал, чорабинӣ ба муносибати хурӯҷи артиши шӯравӣ аз Афғонистон назди муҷассамаи ҷанговари интернатсиналист, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ва мактаби №37, ки ӯ дар он таҳсил кардааст.
Соли 2005, интернат дар Чорбоғ каме пештар аз ҳодисаи сӯхтор. Соли 2006 дар ин ҷо бар асари сӯхтор 13 кӯдаки маъюб ҳалок шуд.
Соли 2011, боздиди он замон котиби давлатии ИМА Ҳиллари Клинтон аз Тоҷикистон. Зимни сафар ӯ дар Маркази исмоилияи Душанбе бо намояндагони аҳли ҷомеа дидору гуфтушунид кард.
Соли 2012, сӯхтори 7-уми моҳи сентябр дар бозори Корвон: сӯхтор беш аз 5 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, 2 ҳазору 550 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафт, се нафар ҳалок шуда, чандеи дигар ҷароҳат бардоштанд.
Соли 2005, сарҳадбонони русиягӣ Тоҷикистонро тарк карданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ марзбонони рус дар ҳайати 19 ҳазор нафар қариб 13 сол сарҳадро посбонӣ карданд. Соли 2005 посбонии сарҳад зери назорати Тоҷикистон гузашт.
Соли 2014, сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи Хуҷанд: фелдшери қисми низомии 2026 Усмон Ғайратов ӯро лату кӯб намуда, гарданашро шикаст. Шаҳбол то ҳол бистарӣ буда, аз ҷогаҳ хеста наметавонад.
Соли 2011, бегемот (баҳмут) Турсунбой аз Қирғизистон ба боғи ҳайвоноти Душанбе оварда шуд. Турсунбой зодаи Бишкек ва волидонаш аслан аз Австралия мебошанд. Баъди як соли омадан бегемот дар Душанбе ҳалок шуд.
Соли 2004, Бобои Барфӣ ба табрики сарҳадбонони русиягӣ омад, ки он замон марзи Тоҷикистону Афғонистонро посбонӣ мекарданд.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.