Садҳо сол пеш дар хонаи ҳар кадоме аз мардуми аслии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, аҷуба – ҳуштакҳои сафолии муҳофиз нигаҳдорӣ мешуд. Бо ҳуштаки он натанҳо шайтону ҷину иблисро метарсониданд, балки боридани борону вазидани шамолро низ хоҳиш мекарданд.
Ҷолиб аст, ки бо ҷорӣ шудани мазҳаби исломӣ низ ин ҳуштакҳо нақши маъмулии худро аз даст надоданд – онҳоро дар остонаи фарорасии ҷашни Наврӯз бо умеди ҳосили хуб ва рӯзгори ободу пур аз нишоти оянда месозанд.
Гузориши навбатии мо маҳз дар бораи ҳамин ҳунари мардумӣ, ки қариб дар ҳоли нобудшавӣ қарор дорад, маълумот медиҳад.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.