Аллакай муддати ду моҳ аст, ки беш аз 20 хона дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт аз газии табиӣ, ки аз Ӯзбекистон интиқол меёбад, баҳравар мешаванд.
Аз оғози соли 2012 интиқоли газ ба ин ҷо қатъ шуда буд. Мегӯянд, ба лӯлаи газ пайваст кардани бо наздики 30 хонаи ин кӯча, ки дар наздикии қубури интиқоли газ ҷойгиранд, ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба гуфтаи сокинони маҳал, гази ӯзбекӣ нисбат ба гази нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бамаротиб арзонтар аст. Онҳо бар ин назаранд, ки бо интиқоли гази табиӣ ба хонаҳояҳон зиндагиашон хеле бароҳату осонтар шудааст.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.