Қаламрави Душанбе аз ҳисоби заминҳои деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ 7,7 ҳазор гектар зиёд шуд. Ин ҷо алҳол на ҳама огаҳӣ доранд, ки ба наздикӣ сокини пойтахт мешаванд ва касоне, ки бохабаранд, умедворанд, ки акнун дигар дар ин роҳҳо КАМАЗ-ҳо равуо накарда, ба ивази чорвое, ки бо шаҳрӣ шуданашон доштани он манъ мешавад, барои онҳо корхонаҳо месозанду бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон дар ҳисоботи соли 2018 хабар медиҳад, ки дар бораи ҳолати заминҳои як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ, ки қисмате аз онҳо ба ихтиёри мақомоти шаҳрдории Душанбе дода мешавад, ҳуҷҷатҳо таҳия намудааст.
Ҳамин тариқ, қаламрави шаҳр 7,7 ҳазор гектар – тақрибан 11 ҳазор майдони маъмулии футбол зиёд мешавад ва ин ҳоло ҳудуди ниҳоӣ нест: минбаъд шаҳри Душанбе боз васеътар хоҳад шуд. Зиёдшавии қаламрав асосан ба самти ҷануб сурат мегирад.
Алҳол сокинони чанде аз ҷамотаҳои ноҳияи Рӯдакӣ: Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чоряккорон, Россия ва Чимтеппа ба шаҳрӣ шудан омодагӣ мегиранд.
Пас аз расман ба тавозуни пойтахт супурдани ин ҷамоатҳо, ҳаёти сокинони маҳаллӣ бояд ҷиддӣ тағйир ёбад: ҳадди ақал, тибқи тартиботи зиндагӣ дар шаҳр, парвариши чорво, ки аксарият ба он машғуланд, манъ мешавад.
Мо аз ду ҷамоат – Россия ва Чимтеппа боздид намуда, аз нақшаву умедвориҳо ва ҳамчунин ташвишу ҳароси сокинони ин маҳал дар мавриди сокинони пойтахт шуданашон огаҳӣ ёфтем.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.