Чевари моҳир аз шаҳри Конибодом Гулсун Аҳмедова куртаи дарозтарини зимистона дӯхт: дарозии он 5 метр ва вазнаш беш аз 10 кило аст. Барои дӯхтани ин пероҳан 600 сомонӣ маблағ масраф шудааст.
“Куртаро муддати се моҳ дӯхтам. Дар ин кор ба ман шогирдонам кумак карданд. Албатта, кор бе мушкилӣ намешавад. Духтарон баъзан ба хатогиҳо роҳ медоданд ва маро лозим меомад, ки дӯхтаашонро дубора кушоям”, – табассум мекунад зан.
Гузориши видеоии мо дар ин хусус.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.