Муаллифи либретто шоири шинохтаи тоҷик Гулназар Келдӣ буда, он аз се намоиш ва як парда иборат аст. Мусиқии онро оҳангсози тоҷик Амирбеки Мӯсо навиштааст.
Инҷо метавонед гузориши видеоии бахши форсии “Радиоии BBC”-ро тамошо кунед.
“Хусрав ва Ширин” яке аз панҷ достони “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ буда, бо услуби романтикӣ нигошта шудааст ва онро ишқнома низ мегӯянд. Дар он қиссаи ишқи шоҳ Хусрав ва зебосанам Ширин нақл карда мешавад.
Қаҳрамони асосии достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ Хусрави Парвиз аслан шахси таърихӣ буда, соли 590 ба тахти подшоҳони сосонӣ нишастааст. Ӯ соли 628 аз дасти писараш Шерӯя кушта мешавад. Ин подшоҳ дар ҳақиқат ҳам бо номи Ширин зане доштааст, ки аз Бардаъ будааст.