spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тавсеаи шабакаи Tcell дар саросари вилояти Суғд

Ширкати Tcell лоиҳаи фарогири тақвияти шабакаашро дар вилояти идома медиҳад. Тайи чанд моҳи ахир корҳои техникӣ дар 17 минтақаи аҳолинишини навоҳии Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Спитамен ва Деваштичу Мастчоҳ ба анҷом расиданд. Ба ғайр аз ҷамоатҳо, навсозӣ ва таҷдиди истгоҳҳои базавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Конибодому Истиқлол низ ба охир расиданд.

Натиҷаи тақвияту навсозии техникии шабакаро беш аз 300 000 сокини ҷамоат ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд метавонанд эҳсос намоянд. Тавсеаи шабака ва тақвияти пойгоҳҳои иртиботӣ, ки дар ин минтақа сурат гирифтанд, барои боло бурдани зарфияту тавоноии истгоҳҳо ва беҳтар кардани фаъолияти шабака нигаронида шудаанд. Ҳамин тавр, пойгоҳҳое, ки таҷдид ва навсозӣ шудаанд, имкони бештарро доро мешаванд ва теъдоди муштариёне, ки аз алоқаи мобиливу интернет истифода хоҳанд кард, афзоиш меёбад.    

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нашри маҷмӯаи мусиқии кӯҳистони Тоҷикистон бо дастгирии Tcell

Дар бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишин ҳамакнун имкон пайдо карданд, ки барои нахустин бор ба шабакаи мобилӣ бо стандарти 3G пайваст шаванд ва сифати Интернет низ беҳтар гардид. Бо ин роҳ, муштариён аз имконоти беҳудуди Интернет бархурдор гардида, барномаи «Чи Гап» аз Tcell-ро насб менамоянд. Ин васила имкон медиҳад, ки истифодабарандагон ҳамеша бо наздикону пайвандон дар иртибот бошанд. ,  

Дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳое, ки аз хизматрасониҳои диҷитолӣ ва интернетии ширкати  Tcell истифода мебаранд, бештар гардида, ин раванд рӯз аз рӯз тақвият меёбад, аз ин рӯ тақвияти шабака ва таҷдиди истгоҳҳои мавҷпароканӣ дар ширкат муддавом идома хоҳад ёфт. Хизматрасониҳои нав, тарофа ва шароити беҳтар барои муштариён сифати фаъолиятро ба боло мебарад. Таври мисол, тарофаи нақшавии  «Даркор» барои корбарони фаъоли шабакаи ҷаҳонии Интернет бастаи калони трафики Интернетро пешниҳод менамояд. 

«Вилояти Суғд барои ширкати Tcell аз муҳимтарин минтақа маҳсуб меёбад,- чаро ки дар солҳои аввали 2000-ум, таърихи алоқаи мобилӣ маҳз аз ҳамин ҷо, аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Фаъолияти онвақтаи Tcel аз ин ҷо шурӯъ гардида, ҳамин тавр ширкати мо аввалин оператори мобилӣ дар кишвар аст, ки таърихаш аз Суғд сар мешавад! Мо лоиҳаи тақвият, таҷдид ва навсозии шабакаро дар Суғд идома дода, алоқаи боэътимодро дар дурдасттарин минтақаи ин мавзеъ таъмин хоҳем кард. Дар баробари ин албатта, аз сокинони шаҳрҳои бузург фаромӯш нахоҳем кард, ки ҳаёташонро бе Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст»,- мегӯяд директори бахши минтақавии ширкат дар вилояти Суғд Фирдавс Масумов.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Cоли нави чинӣ бо ширкати Tcell – боз ҳам наздиктар!

Ширкати Tcell лоиҳаи бузургмиқёси тавсеаи шабакаашро дар ҳамаи қаламрави Тоҷикистон идома медиҳад: дар пойтахт, НТМ, Суғд ва вилояти Хатлону ВМКБ аллакай бештари корҳои техникӣ анҷом ёфтаанд. Қисми зиёди минтақаҳо аз шабакаи стандарти 3G ва 4G истифода менамоянд. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ дар ноҳияҳои тобеъи марказ 20 пойгоҳи нави стандарти 3G насб гардида, шабакаи насли чаҳорум- стандарти 4G дар Кӯлоб, Роғун ва Данғараву Хоруғ аллакай дастраси муштариён аст.

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Переводы:

Похожие материалы

spot_imgspot_img

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Новости компаний

Новости компаний

Новости компаний

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ПОСЛЕДНИЕ НОВОСТИ

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...