spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нашрияи ӯзбекзабони “Халқ овози” 90-сола шуд

Нашрияи “Халқ овози” ягона газетаи расмии ӯзбекзабони Тоҷикистон буда, аз моҳи феврали соли 1929 ин ҷониб нашр мегардад. Дар оғоз, соли 1928 он ба сифати замимаи рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” ба табъ расида, моҳи феврали соли 1929 рӯзномаи алоҳида шуд. Дар оғоз номи нашрия “Қизил Тоҷикистон” буд ва як муддат бо номи “Совет Тожикистони” нашр шудааст ва аввалин муҳаррири нашрия М. Ҳасанов буд.

Дар оғоз нашрия бо ҳуруфи арабӣ, баъдан бо ҳуруфи лотинӣ нашр мешуд. Аз соли 1940 бо алифбои кириллӣ нашри худро оғоз намуд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Моҳи апрели соли 1930 КМ ҲК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуровро дар ҳамин рӯзнома мудири шуъба таъин намуд. Ӯ дар муддати кӯтоҳ ба вазифаи ҷонишини сармуҳаррир расид. Дар соли 1931 аз тарафи идораи рӯзнома ба Донишкадаи умумиттифоқии журналистон фиристонида шуд. Баъди хатми донишкада Бобоҷон Ғафуров ба рӯзномаи «Қизил Тожикистон» баргашт. Ӯ аввал ҳамчун ҷонишини сармуҳаррир ва аз соли 1940 то 1942 сармуҳаррири ин нашрия буд.

Дар ибтидо дар як ҳафта 2 – 3 маротиба ба чоп мерасид ва теъдоди нашри он дар солҳои 1980 ба 100 ҳазор расида буд.

Соли 1963 ба муносибати 100 ҳазорумин шумораи худ нашрияи мазкур бо ордени «Байрақи Сурхи меҳнат»-и Президиуми Шӯрои Олии СССР мукофотонида мешавад.

ССЫЛКИ ПО ТЕМЕ
Пайкараҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар Душанбе

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мухбирони ҷамоатии рӯзнома тақрибан 2 ҳазор нафарро ташкил медод.

Пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ  ва дар солҳои аввали истиқилолият рӯзнома ба мушкилии молиявӣ дучор гардид. Дар натиҷа бисёре аз журналистон рӯзномаро тарк намуданд. Рӯзнома низ ба ҷои ҳар рӯз чоп шудан, ҳафтае се маротиба нашр мешуд.

Дар ин рӯзнома адибону рӯзноманигорони ӯзбекзабони кишвар, аз қабили  Аширмат Назаров, Маҳмуд Тӯлқин, Улуғназар Аҳмедов, Худоёр Каримов, Маҳмудҷон Остонов, Қосимҷон Мамаҷонов, Воситҷон Муҳаммедов, Ӯлмас Ҷамол, Сулаймон Эрматов, Ҷамолиддин Тошматов, Турғун Дадабоев, Турон Тӯйчиев, Зокирҷон Собирҷонов, Ҳабибулло Ботиров, Улуғой Йӯлчиева, Мамлакат Нарзибекова, Роҳатой Неъматова, Муборак Муҳаммедова, Тӯтинисо Юсуфбекова, Санобар Аллаева, Неъмат Иброҳим,  Асқар Маҳкам, Зикрулло Валӣ, Садриддин Ашур, Абдулло Зуҳур ва дагарон фаъолият намудаанд.

Имрӯз рӯзнома бо теъдоди зиёда аз 8 000 нусха, ҳафтае як маротиба нашр мешавад. Сармуҳарририи рӯзномаро Ёқубҷон Абдуманонзода ба ӯҳда дошта, журналистони шинохтаи ӯзбекзабони кишвар Эркин Шукуров, Искандар Маҳмадалиев, Абдулло Саидов, Абдуҳафиз Мирзааҳмедов, Урунбой Усмонов, Гулфинур Аюпова, Зуҳриддин Умаров  ва дигарон фаъолият менамоянд.

Дар рӯзнома саҳифаҳои махсус, аз ҷумла «Ёшлик жилоси» (Ҷилои ҷавонӣ), «Ҳикмат нури» (Нури ҳикмат), «Аёл дунёси» (Дунёи зан), «Сӯраган эдингиз…» (Пурсида будед…), «Бошдан кечирганлар айтсин» (Аз сар гузаронидаҳо гӯянд) ташкил карда шудааст, ки ҳар кадоме бо навбат нашр мешавад ва барои хонандагони рӯзнома  хеле ҷолибанд.

Рӯзнома дар баробари инъикоси сиёсати давлат, аз ҳаёту фаъолияти ӯзбекзабонҳои Тоҷикистон матлабҳо нашр намуда, рӯзгори онҳоро пайгирӣ менамояд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...