Дар шаҳри Хуҷанд чор истгоҳи нави технологии нақлиёти ҷамъиятӣ ифтитоҳ гардид, ки дар ҳар кадоме аз он марказҳои муосири хизматрасонии муштариёни Tcell фаъолият хоҳад кард!
Ширкати Tcell бо кӯшиши боз ҳам наздиктар шудан бо муштариён, шабакаҳои худро тавсеа мебахшад, барои корбарон беҳтарин ва қулайтарин нуқтаҳои хидматрасониро боз менамояд. Ҳамакнун, сокинони Хуҷанд машварат ва ё кӯмакро дар ростои интихоби тарофа, хизматрасониҳо ва дигар сервисҳои ширкати мобилӣ аснои интизорӣ дар истгоҳи нақлиётӣ гирифта метавонанд.
Дар ин идораҳо (марокизи хизматрасонӣ) муштариён бо намудҳои мухталифи хизматрасонии ширкат ошно гардида, машварати кормандонро дар мавриди интихоби алоқа, интернет ва ғайра дарёфт менамоянд.
Дар истгоҳ ва назди он ба сифати тахфиф (бонус) бошад, сокинони шаҳр метавонанд аз интернет Wi-Fi-и ройгон аз Tcell истифода баранд!
Маросими ифтитоҳи истгоҳҳои муосири технологӣ ва марокизи хизматрасонии муштариёни ширкати Tcell бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ҳукумати вилояти Суғд, роҳбарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати Tcell сурат пазируфт.
Нишонӣ (суроға)-и истгоҳҳои муосири технологӣ:
Хиёбони И.Сомонӣ 10, истгоҳи майдони К.Хуҷандӣ (Универмаг);
Хиёбони И.Сомонӣ, 81 (Панҷшанбе);
Хиёбони С.Айнӣ (ДДХ);
Хиёбони И.Сомонӣ,158 (Панҷшанбе).
Ширкати Tcell дар саросари кишвар шабакаи бузурги марказҳои хизматрасонӣ дорад. Tcell дар ростои хидматрасонӣ ва сервиси ҳамаҷониба ба муштариён саъю талош дорад, то ба онҳо наздиктар шавад.
Интизори дидор бо шумо дар марказҳои хизматрасонии Тсеll ҳастем!
___________________
Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.