14 феврал дар кинотеатри Кайҳон (воқеъ дар Маркази савдои “Ашан”) нахустнамоиши филми ҳаҷвии “Миллион то соли нав” баргузор гардид. Филми мазкур аз ҷониби филмофарони ҷавони Хуҷанд таҳия гардидааст.
Продюсери филми “Миллион то соли нав” Аъзамхон Акбаров, ки ҳамзамон директори Ширкати радио-телевизиони “АЗИЯ” ва роҳбари “Сарҳади ҳаҷв” (Территории юмора) мебошад, ба “Азия – Плюс” гуфт, ки ин филм давоми 23 рӯз ба навор гирифта шуда, чанде қабл пешкаши тамошобинони шаҳри Хуҷанд гардонида шуд.
“Сужаи филм бо шиносоии Шерзод – ҷавоне, ки дар шабакаи радиоӣ кор мекунад ва зебосанаме бо номи Дилноза оғоз меёбад. Шерзод аз нигоҳи аввал ошиқи он духтар мегардад ва вақте дар пайи тасхири қалби Дилноза мешавад, маълум мегардад, ки Дилноза духтари Ҷамил Тоҳирович – сарватманди соҳибэҳтироми шаҳри Хуҷанд будааст. Падари Дилноза дар назди Шерзод шарт мегузорад, ки то соли нав як миллион сомонӣ пайдо намояд! Агар “Маҷнун” шарти пешгузоштаро иҷро карда тавонад, пас Ҷамил Тоҳирович розӣ мешавад, ки ӯ бо духтараш оила барпо намояд. Шерзод розӣ мешавад ва аз пайи иҷрои шарт мегардад. Шерзод бо ёрии дӯстонаш дар пайи ҷустуҷӯйи пул мешаванд ва воқеаҳои аҷибу ғариби зиёдро паси сар мекунанд…”
Дар филми мазкур зисту зиндагонӣ ва гӯйишу одатҳои мардуми шаҳри Хуҷанд бештар тасвир ёфтааст. Аз ин сабаб, барои тамошобинони шаҳри Душанбе он боз ҳам шавқовартар гардидааст.
Қаҳрамонҳои асосии филм иштирокчиёни шоу-барномаи “Сарҳади ҳаҷв” (Территории юмора) мебошанд, ки воқеан тавонистаанд нақшҳои бар зиммаашон гузошта шударо ҳирфаӣ ва бо тамоми истеъдод иҷро намоянд.
Искандар Раҳмонов, сокини Душанбе, ки аз тамошои ин филм баромада буд, таассуроти худро чунин баён намуд: «Миллион то соли нав» тасаввуроти то ин лаҳза доштаи ман дар бораи филмофарии тоҷикро тағйир дод. Тамоми муҳлате, ки филмро тамошо мекардам, ман дар ҳаяҷон будам ва руҳам болида буд. Махсусан, ҳунармандон нақшҳои худро табиӣ бозӣ кардаанд. Истифодаи лаҳҷаи мардуми Хуҷанд, фикр мекунам, филмро боз ҳам шавқовартар намудааст”.
Дилошӯб Камолова, донишҷӯдухтари тоҷик ҳам бо табассум дар лаб аз толори кино берун шуда, зикр намуд, ки чанд сол шуд, ки чунин нахандида буд.
– То ин лаҳза аслан кам ба кинотеатр мерафтам, махсусан барои тамошои филмҳои ватанӣ шавқ надоштам, аммо пас аз тамошои “Миллион то соли нав” ба хулосае омадам, ки санъаткорони мо ҳам метавонанд филмҳои хуб офаранд. Ростӣ, тамоми муддати идомаи филм хандидам.
Аъзамхон Акбаров мегӯяд, ки филми мазкур 31 декабри соли 2018 тариқи шабакаи телевизионии “АЗИЯ” дар вилояти Суғд намоиш дода шуд ва пас аз хоҳишҳои зиёд, қарор кардаанд, ки ин филмро дар Душанбе низ ба намоиш гузоранд.
Ҳоло ин филм дар кинтеатри «Кайҳон» ба намоиш гузошта шудааст ва қарор аст намоиш то 20-уми феврал идома ёбад. Аъзамхон Акбаров зикр намуд, ки идома ёфтани намоиши филм аз сокинони Душанбе вобаста аст.
– Агар талабот бошад, мо муҳлати намоиши филмро тамдид менамоем,-гуфт Аъзамхон Акбаров.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.