Таърихи ин нон аз соли 1985, замоне ки муаллим аз Тоҷикистон Умаралӣ Зулфов ба шаҳри таърихии Самарқанд сафари корӣ намуд, шуруъ мешавад. Аз он ҷо ӯ бо таассуроти ҷолиб ва нони калоне баргашт, ки инак 34 сол мешавад онро мисли зар нигоҳ медорад.
Дар хусуси оне, ки нони Самарқанд бо тамъи лазизи худ машҳур аст, мо албатта медонем. Дар ин бора ҳатто гузориши ҷолибе низ таҳия карда будем. Аммо тасаввур ҳам намекардем, ки ин нони хушмаззаи Осиёи Марказӣ метавонад даҳсолаҳо нигоҳ дошта шавад ва тамъаш дигар нашавад.
Чӣ тавр сокини шаҳри Сарбанд тавонист нони Самарқандро ин қадар сол нигоҳ дорад, дар лавҳаи навбатии мо метавонед тамошо кунед.