Сароянда Манижа барои кӯмак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ замимаи SILSILA-ро фаъол намуд, хабар медиҳад Takiedela.ru.
Дар замимаи мазкур ҳамчунин “тугмаи ташвиш“ (тревожной кнопки) фаъол карда шудааст, ки бо ёри он имкони маълум намудани мавзеи қарордошта мавҷуд аст. Дар замима нишонаи марказҳои буҳронӣ дар Маскав ва Санкт – Петербург зикр гардидааст.
Замимаро дар Google Play ва App Store боргирӣ намудан мумкин аст.
Ғайр аз замима, сароянда ба суруди “Модар” (Мама), ки ба мушкили хушунат бахшида шудааст, клип сабт намудааст. Дар навор писарбачае кӯшиш мекунад модари худро аз ҷаҳолати падар ҳимоя кунад.
Ҳамчунин, зери навор навиштаҷоти “дар Русия ҳар рӯз 36 ҳазор зан аз ҷониби шавҳарони худ латукӯб мешаванд, солона дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ аз 12 то 14 ҳазор зан вафот мекунанд” пайдо мешавад.
Солии 2016 дар Русия ҳамин гуна замима бо номи «Насилию.нет» фаъол карда шуда буд. Истифодабарандагон метавонанд рӯйхати нафарони боварибахши худро тартиб дода, матн бо хоҳиши кӯмакро ворид намоянд. Ва дар сурати пеш омадани зарурат тугмаи ташвишро пахш намуда, матлабро ирсол намоянд ва мавзеи худро маълум кунанд.
Роҳбари маркази «Насилию.нет» Анна Ривина навишт, ки замимаи Манижа нусхаи замимаи онҳо аст. Созандаи ҳар ду замима “Айпартнер Бинет” аст. Намояндаи ин ширкат мегӯяд, ки “замимаҳои ба ҳам монанд зиёд сохта мешаванд” ва “ин берун аз доираи қоида ё ахлоқ нест”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.