Рӯзноманигор Мумин Шокиров бо насби дурбин дар дохили мошини се ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон филмеро дар бораи онҳо ба навор гирифт. Дар ин бора дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар дода мешавад.
Гуфта мешавад, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сокинони кишвар маҷбур шуданд, барои пайдо кардани ҷои кор рӯ ба кишварҳои хориҷ биоранд. Беш аз ду миллион кишварро тарк карда, бештари онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Филмро Бахши русиягии Радиои Озодӣ бо дастгирии телевизиони "Настояшее Время" таҳия кардааст.
Раҳмат Ҳайдарови 58-сола дар миёнаҳои соли 90-ум тиҷорати худро аз даст дод ва маҷбур шуд, барои кор ба Москва биравад. Зану фарзанд ва набераҳои ӯ дар Душанбе буда, беша аз 20 сол мешавад, ки дар Русия кор мекунаду ба онҳо пул мефиристад.
Умед Рустамов ба ИМА муҳоҷир шуд. Ӯ барои омӯзиши забон ба шаҳри Ню-Йорк рафта, онҷо дархости паноҳандагии сиёсӣ кард. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар коллеҷи Бруклин мехонад ва шабона кор мекунад. Умеди ягонаи ӯ ҳоло бурди корти сабз ё "грин-карта" аст.
Толиб Баҳронови 44-сола дар Душанбе монд. Зиндагии ӯ таъмини нафақаи зану се фарзандаш аст. Пас аз марги падар нафақаи бародарону хоҳарони хурдаш ҳам бар зиммаи Толиб вогузор шуд.
Филми Мумин Шокиров то соати 22:00-и 4 апрел дар сомонаи "Настояшее Время" дастрас аст.