Боғи фарҳангу фароғати ба номи Камоли Хуҷандӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд имрӯзҳо ба як атласи ҷолибе монанд шудааст: ин ҷо баҳорон беш аз 300 ҳазор бех лолаҳо шукуфтанд. Ҳамин миқдор бех лола имсол дар Тошканд ҳам шинонида шуд. Душберо бошад, айни замон 400 ҳазор навъҳои гуногуни гули лола оро медиҳанд. Мо ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, бовар ҳосил кардем, ки ин ҷо ҳам на камтар аз пойтахт манзара хеле зебо аст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ чанде қабл ба ин боғ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» иштирок кард, ки дар ҷараёни он зиёда аз 100 намуди лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуд.
Имрӯзҳо ин боғ ба макони дӯстдоштаи сайругашти сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст. Хабарнигори мо низ ҳамроҳи хуҷандиҳо дар ин боғ сайругашт карда, дар бораи истироҳати мардум дар ин боғ гузориши тасвирӣ таҳия намуд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.