Ин гузоришро мо соли гузашта, дар ҷашни 140-солагии устод Садриддин Айнӣ омода намуда, қариб як моҳ аз бойгонӣ навори видео ва аудиоро ҷустуҷӯ кардем. Сипас дар Душанбе ва Самарқанд наворбардорӣ намуда, барои нақши устодро бозидан ҳунарманди муносибро интихоб кардем.
Имсол ба муносибати солрӯзи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтем, ки бори дигар ин гузориши видеоиро манзуратон гардонем. Имрӯзҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон солрӯзи устодро ҷашн мегиранд, зеро устод барои дӯстдорони шеъру адаби мардуми ҳарду кишвар хеле азизу гиромианд.
Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.