Манзили сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки бештар бо номи хонаи помирӣ ё худ “Померӣ чид” маъруф аст, навъи қадимтарину нодири манзил дар Тоҷикистон аст, ки натанҳо рамзҳои замони зардуштиён, балки тарзи сохту соз ва услуби он давраро низ дар худ нигоҳ доштааст.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, тарзу услуби меъмории чунин хона аллакай муддати 2500 сол аст, ки бетағйир боқӣ мемонад.
“Мебояд дар хотир дошт, ки тамоми расму оинҳои сокинони Помир бо хонаи помирӣ робитаи ногусастанӣ доранд. Худо накарда, агар дар тарзу сохту сози он чизеро иваз ё онро замонавӣ карданӣ шавем, расму оинҳои қадима низ шояд тағйир ёбанд”, – мегӯяд таърихшинос Аловуддин Ширинбеков.
Аз гузориши видеоии мо бо фалсафаи “померӣ чид” аз наздик шинос шуда метавонед.
Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.