Дар ошёнаи сеюми маркази савдои “Душанбе Мол” (Ашан) дар Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин дар Тоҷикистон мағозаи бренд (тамға)-и маъруфи сарулибоси ҷинси COLIN'S баргузор шуд.
“Мо, Colin's, мегӯем, ки фаъолияти мо натанҳо аз сарулибоси тайёр, балки аз имкони беҳтар намудани зиндагии мардум бо кумаки маҳсулот ва хизматгузориҳоямон низ иборат аст. Аз ин рӯ, дар ҳамаи фурӯшгоҳҳои мо, дар ҳама гуна нуқтаҳои саросари дунё мо ҳамаро дар якҷоягӣ пешниҳод мекунем: ИННОВАТСИЯ, САБКУ УСЛУБ ВА СИФАТ. Ба туфайли ИННОВАТСИЯҲО мо дӯкону рафҳои шавқовар ва маҷмӯаҳои ҷолиб таҳия мекунем, ки дар ҳама гуна ҳолатҳои зиндагӣ ба шумо лозим меоянд”.
САБКУ УСЛУБИ ХОС ба шумо эҳсоси роҳату гуворо бахшида, ҳама сарулибоси мо ба шумо шинам аст. ХУШСИФАТИИ мол бо дизайни мӯднок, матоъ ва маҳсулоти муосиру сатҳи олии дӯзандагӣ таъмин мешавад.
Молу маҳсулоти COLIN'S ба сурати умум дар 600 мағозаҳои 38 кишвари саросари ҷаҳон пешниҳод мегардад. Colin`s тамоилҳои ҷаҳониро пайгирӣ намуда, он дар маҷмӯаҳои сарулибос таҷассум меёбад: замонавӣ, навгонӣ ва ороишоти хос ба ҳамеша аз мӯд қафо намондаи мизоҷони мо кумак мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.