Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” натиҷаҳои корҳои техникии семоҳаи якуми соли 2019-ро ҷамъбаст намуд. Дар вилояти Хатлон корҳои модернизатсионии шабака дар ҳар пойгоҳи базавии панҷуми Ширкат гузаронида шуданд. Такмили сифати алоқаи овозӣ ва баландшавии суръати интернети мобилиро садҳо сокинони минтақа эҳсос намуданд.
Аз оғози сол “МегаФон Тоҷикистон” дар ҳудуди вилояти Хатлон як қатор лоиҳаҳои техникиро амалӣ намуд. Пойгоҳҳои нави базавии стандарти 4G/ LTE дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак корандозӣ карда шуданд. Қобилияти иҷозатии якчанд хатҳои алоқа, бахусус, Бохтар – Қурғон, Норак – Чормағзак ва Фархор – Гулшан такмил бахшида шуд. Дар якчанд ноҳия хатҳои захиравӣ ба кор дароварда шуда, ба шарофати онҳо муштариён метавонанд ҳатто дар ҳолати аз кор баромадани кабелҳо аз онҳо истифода баранд.
“Ҳама лоиҳаҳои техникӣ ду ҳадаф доранд: баландкунии минбаъдаи эътимоднокии хизматрасониҳои алоқа ва васеъкунии ҳудуде, ки дар он хизматрасониҳо ба сокинони Хатлон дастрас мебошанд. Одатан чунин корҳо ба муштариён ноаёнанд, зеро дар вақте гузаронида мешаванд, ки теъдоди камтарини истифодабарандагон дар шабака фаъоланд. Вале натиҷаро ҳар нафар мебинад ва баҳогузорӣ мекунад. Сифати беҳтарини “овоз”, суръатҳои нисбатан баланди интернет, пайвастагии боэътимод дар вақти зангҳо – ин ҳама самарае мебошад, ки пас аз навкунии шабака ба даст меояд”, – шарҳ дода мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.