spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Парисо шеъри «Садои Сталинград»-ро қироат карда, сазовори шоҳҷоиза гардид

Шоми дирӯз, 20-уми майи соли ҷорӣ дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Марафони шеъри сомонаи “Padida” ҷамъбаст гардид.

Марафони шеър бахшида ба зодрӯзи шоирони ширинбаёни тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат аз тарафи сомонаи “Padida” ва як зумра ҷавонони фаъол роҳандозӣ гардида, тӯли панҷ рӯз, аз 16 то 20-уми май идома дошт.

Мӯсо Бобохоҷиев, муассиси сомонаи хабарии “Padida”, ки марафонро бо як гурӯҳ ҷавонони фаъол ташкил кардаанд, гуфт, Парисо Давлатзода, хонандаи синфи 3-юми Литсейи тоҷикӣ-русии Ҳотам ПВ, дуюмин иштирокчии хурдсоли Марафони шеър бо қироати зебои худ корбарони шабакаи Фейсбукро ба ваҷд оварда, навори ӯро зиёда аз 11000 нафар тамошо ва 238 нафар бознашр намуданд. Ҳамин тавр ӯ ғолиби Марафон эълон гардида, соҳиби шоҳҷоиза-планшет гардид.

Худи Парисо иброз медорад, ки “Ман боварӣ надоштам, ки дар ин Марафон ғолиб меоям, зеро иштирокчиён хеле зиёд буданд. Аммо маро дастгирӣ карданду ман соҳиби планшет шудам”.

МЕДИА (IFRAME)

Дастандаркорони Марафон Шаҳноз Комилзода, Одили Нозир ва Мусо Бобоҳоҷиев низ боварӣ надоштанд, ки Марафони шеър ин қадар дӯстдорони шеъри Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноатро ба ҳам меорад, зеро шумораи иштирокчиён зиёда аз 50 нафарро ташкил медод.

– Ин нахустин Марафони шеъри сомонаи мо буд ва ман боварӣ надоштам, ки ин қадар мардум мароқ зоҳир мекунанд. Ҳатто аз Русияву Исроил, аз кӯдаки 6-сола то пири 80-сола ба мо навор сабт намуда равон карданд ва ҳоло ҳам равон карда истодаанд. Бори дигар ман ба бузургии устод Лоиқ Шералӣ ва Мӯъмин Қаноат қоил шудам. Ба кулли иштирокчиёни Марафон бо истифода аз фурсати муносиб миннатдории худро мерасонам, – қайд намуд Мӯсо Бобоҳоҷиев, муассиси сомонаи “Padida”.

Ба гуфтаи Мӯсо Бобоҳоҷиев, ба дигар иштирокчиёни Марафони шеър аз тарафи ташкилкунандагони ин чорабинӣ ифтихорнома ва китобҳои шоирони номбурда ҳамчун тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд. Ва ин охирин Марафони сомонаи “Padida” набуда, дастандаркорон боз ният доранд, ки дигар озмунҳои ҷолибу шавқоварро роҳандозӣ намоянд.

Парисо бо қироати зебои худ тамоми корбарони шабакаи иҷтимоиро мафтун карда, аз ҷумла Сафар Абдулло, профессор, филолог, ки дар Казоқистон ба сар мебарад, дар хроникаи худ дар мавриди қироати шеъри Парисо Давлатзода чунин навиштааст: 

– Ба андешаи ман, ин фариштаи хурдакак суханвари хуб буда, зебо ва дилрабо шеъри “Садои Сталинград”-и Мӯъмин Қаноатро дар тарҷумаи Роберт Рождественский қироат кард. Маълум аст, ки ӯ натанҳо шеър мехонад, балки ҳамчунин мазмуни ҳар ҷумлаи гуфтаро ба хубӣ дарк ва эҳсос мекунад.  Маълум аст, ки ӯ аз синни хеле хурдӣ ба қироати зебои шеър оғоз кардааст.  Ҳангоми қироати шеър ин нотиқи ҷавон ҳамаи навъи интонатсияро ба назар мегирифт ва хеле тааҷҷубовар аст, ки ҳамаи онро риоя мекард ва хеле хуб мехонд.

 Ин кӯдак сазовори ҳамаи мадҳу ситоиш аст, ки агар дар ин сатҳ шеър қироат кунад, дар оянда беҳтарин суханвари намунаҳои шеъри мо мегардад ё метавонад ҳунарманди хуб шавад. Барояш дар ин роҳ муваффақиятҳои зиёд таманно дорем!

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...