Маҷаллаи маъруфи Forbes гаронтарин брендҳо (тамғаҳо)-и ҷаҳонро дар соли 2019 эълон кард. Дар 10-гонаи беҳтарин соли нуҳум пайдарпай корпоратсияи амрикоии Apple пешсаф аст.
Гуфта мешавад, айни замон арзиши тамғаи “себӣ” 205,5 млрд. доллар арзёбӣ мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 12% зиёдтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, бори нахуст дар таърихи баҳодиҳӣ ба брендҳо он нишондиҳандаи 200 млрд. долларро убур кард, хабар медиҳад GolfStrimInform.
Зинаи дуюмро дар ин рӯйхат Google ишғол намудааст, ки тамғаи он 167,7 млрд. арзёбӣ шудааст. Ва ниҳоят мақоми сеюмро Microsoft бо 125,3 млрд. доллар касб кардааст.
Ба даҳгонаи аввали феҳрист ҳамчунин ширкатҳое чун Amazon (97 млрд. доллар), Facebook (88,9 млрд. доллар), Coca-Cola (59,2 млрд. доллар), Samsung (53,1 млрд. доллар), Disney (52,2 млрд. доллар), Toyota (44,6 млрд. доллар) ва McDonald`s (43,8 млрд. доллар) шомил шудаанд.
Мувофиқи раддабандии нашршуда, ширкатҳои Русия дар феҳристи гаронтарин тамғаҳои ҷаҳон ҷой надоранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.