Тоҷикон мардуми начандон пурэҳсосанд ва дӯстдориву муҳаббати худро нисбати наздикон хеле кам ошкору возеҳ нишон медиҳанд. Лекин 1 июн Рӯзи ҷаҳонии волидон аст. Оё онҳо дар ин рӯз ба падар ё модари худ занг зада, суханони оддии “туро дӯст медорам”-ро ба забон меоранд?
Рӯзи умумиҷаҳонии волидон (Global Day of Parents) дар иҷлосияи 66-уми Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли 2012 эълон шуд. Шурӯъ аз соли 2013 он ҳамасола “ба ифтихори волидон дар саросари дунё” санаи 1 июн ҷашн гирифта мешавад.
Ҳадафи ҷашн ба мардуми сайёра хотиррасон намудани арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳимояву қабули ин арзишҳо ҳамчунин асоси оилаи мустаҳкам ва хушахлоқ аст. Ва ин боз як сабабест ба волидони бигӯем, ки “ман шуморо дӯст медорам”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.