Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир” боз шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғ баъди азнавсозӣ бо тарҳи хеле зебову муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, масоҳаташ наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.
Барои гиромидошти хизматҳои арзанда дар соҳаи фарҳанги кишвар дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва накқоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Собирова ҷой дода шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.