Дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо боғи калони сермева бунёд шуд. Қаблан ин ҷо замини партов буд.
Айни замон дар ин боғ 1500 дарахтони мевадор дар нашъу намоянд ва аз афшураи себу олуча ва дигар меваҳо дар ошхонаи мактаб нӯшокиҳо тайёр карда, ба хонандагон иҷоза медиҳанд, ки шафтолу ва зардолуро ба хонаҳояшон низ баранд.
“Аввал касе бовар надошт, ки ин кор амалишаванда аст. Мо маҷлиси падару модаронро гузаронида, онҳоро аз мақсадамон огоҳ ва дархост намудем, ки аз лиҳози молӣ – 3-5 сомонигӣ аз ҳар кадоме моро дастгирӣ намоянд. Онҳо моро натанҳо аз ин лиҳоз, балки бо меҳнати худ низ дастгирӣ карданд, зеро заминро аввал тоза кардан даркор буд. Аз ин ҷо мо беш аз 20 мошин партов баровардем", – мегӯяд директори мактаби мазкур Файзулло Файзиев.
Бино ба гуфтаи ӯ, оянда ният доранд, ки қисмате аз ҳосили боғро фурӯхта, аз даромади он каму кости мактабро таъмин намоянд. Дар назар аст, ки аз фурӯши меваҳо мактаб метавонад ҳамасола наздики 40 ҳазор сомонӣ даромад ба даст орад.
Гузориши пешин дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.