spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чӣ гуна Ӯзбекистон рӯзномаи тоҷикзабони қадимаи “Овози тоҷик”-ро дастгирӣ мекунад

Имсол аз замони таъсиси нашрияи ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ-сиёсии Ӯзбекистон “Овози тоҷик” расо 95 сол пур мешавад. Рӯзнома айни замон дучори мушкилоти молиявӣ шудааст. Дар кишвари дигар шояд чунин ҳолат боиси қатъи чоп мешуд, аммо барои идомаи нашри он давлат кумак мерасонад.

Муассиси ин нашрияи қадимтарини тоҷикзабон Садриддин Айнӣ буд. Он дар замони шӯравӣ яке аз рӯзномаҳои серхонандаи мақомоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Ӯзбекистон ба шумор мерафт ва теъдоди чопаш ба 35 ҳазор нусха мерасид.

“Айни замон теъдоди рӯзнома ҳамагӣ 2 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Азбаски дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон обунаи маҷбурӣ аз байн бардошта шуд, теъдоди нашр поин рафт. Умед дорем, ки тоҷикони бонангу номус рӯзномаи худро, ки ба забони тоҷикӣ чоп мешавад, дастгирӣ мекунанд”, – мегӯяд сардабири “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов.

Ин рӯзномаро асосан тоҷикони Самарқанду Бухоро мутолиа мекунанд. Барои дастгирии қадимтарин рӯзномаи тоҷикзабон ҳукумати кишвари ҳамсоя чӣ тадбирҳо меандешад?

Гузориши видеоӣ дар доираи боздиди расонаии Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” ба Ӯзбекистон таҳия шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Гузориши пешин дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...