Ҷавоне аз Бразилия Гилерми Пост бо забони тоҷикӣ бе душворӣ ҳарф мезанад. Барои боз ҳам хубтар азхуд кардани забон тобистон ӯ ба Хуҷанд омад.
Дар бораи Тоҷикистон бори нахуст аз бобояш, омӯзгори фанни ҷуғрофия огаҳӣ ёфт, ки ба ӯ харитаро нишон дода буд. Наврас ба кишварҳои дур ва нисбатан хурдтар таваҷҷуҳи бештар дошт.
“Ба ман номи кишвар писанд омад, он ғайриоддӣ аст”, – мегӯяд Пост.
Ӯ се сол пеш ба Тоҷикистон омада, ин кишварро дӯст дошт. Ин ҷо дӯстони зиёд пайдо кард. Вақте ба ватан баргашт, тасмим гирифт, ки забони тоҷикиро омӯзад, то ки бо дӯстони худ бо забони онҳо ҳарф зада тавонад. Дар ин кор низ дӯстонаш тариқи скайп ба ӯ кумак карданд.
Тобистони имсол низ ӯ боз ба Тоҷикистон омад, то ки бештар бо намояндагони забон гуфтугӯ карда, сатҳи забондониашро такмил диҳад.
Дар оянда ӯ мехоҳад, ки забони рӯшониро низ омӯзад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.