Сокини шаҳри Ваҳдат Сайфулло Олимов 31 сол пеш ба садама дучор шуд. Дарҳол пас аз он мард ҳис кард, ки қобилиятҳои ғайриоддӣ пайдо намуда, бе зарар ба солимиаш қувваи барқро аз ҷисмаш гузаронида метавонад.
Марди 61-соларо дар Ваҳдат ҳама чун одам-ноқил мешиносанд. Баъди садама ӯ газидани занбӯр (ору)-и асалро ҳам ҳис намекунад, дар гармӣ душворӣ мекашад ва боз бо як даст расонидан дӯстону шиносҳояшро аз дарди сар муолиҷа мекунад.
“Пештар аксарият ба ман бовар надоштанд. Аз ин рӯ, бисёр вақт шартбандӣ карда, бо симҳои луч озмоишҳо мегузаронидам. Боре ҳатто як хона буридам, лекин баъдан бурдро албатта нагирифтам. Ин кори хуб нест”, – табассум мекунад мард.
Хабар дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) таҳия гардида, гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.