Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба сохтмони 4 меҳмонхона дар шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, яке аз онҳо дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ қомат меафрозад. Тибқи лоиҳа ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом (пентхаус) иборат аст.
Ба сохтмони ин иншооти муосир ҶДММ “Элит-Строй-Сервис” машғул шуда, он дар муҳлати 2 сол дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Меҳмонхонаи дигар – “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохта мешавад.
Он аз 9 ошёна бо 103 адад ҳуҷра, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад полулюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ иборат буда, дараҷаи 5 ситораро дорад.
Иншоотро соҳибкорӣ ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд карда, сохтмони ин меҳмонхона низ бояд то ҷашни Истиқлолият дар соли 2021 ба анҷом расад.
Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ бо меҳмонхонаи замонавии 24-ошёнаи "GRAND RUDAKI TOWER" дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд мегардад. Ба сохтмони он ҶДММ “Себистон-2018” машғул мешавад.
Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ "Себистон-2018" бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт. Аз ҷумла, дар меҳмонхонаи панҷситорадор 2 ҳуҷраи Президентӣ, 30 ҳуҷраи люкс ва полулюкс, 20 утоқи дуҳуҷрагӣ ва 100-тои дигар ҳуҷраҳои стандартӣ бунёд мегардад.
Меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” дар кӯчаи Бохтар, 3 дарҳои худро боз намуда, сохтмони он ба уҳдаи ҶДММ “Рушди Осиё” вогузор шудааст. Меҳмонхонаи 16-ошёна дорои 80 адад ҳуҷраҳо хоҳад буд.
Ҳамаи меҳмонхонаҳои зикршуда бояд то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ҳамаи меъёрҳои ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ бошанд. Ёдрас мекунем, ки давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи муосир бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.