Сохтмони Канали калони Ҳисор моҳи сентябри соли 1940 тариқи ҳашар дар Душанбе оғоз гардида, дар солҳои душвори ҷанг низ корҳо дар ин шабакаи муҳими обёрӣ қатъ нашуданд. Расо баъд аз ду сол, дар моҳи сентябри соли 1942 бунёди канал ба итмом расид.
Ба сохтмони канал беш аз 1500 нафар колхозчиёни ноҳияҳои Варзоб, Роҳи Оҳан ва Сталинобод сафарбар шуданд. Сипас ба онҳо бинокорони роҳи Помир, колхозчиёни ноҳияҳои Кофарниҳон, Файзобод, Рашт (соли 1940), 25 ҳазор нафар колхозчиёни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон (соли 1941) ҳамроҳ шуданд.
То имрӯз ин канал ризқрасони тамоми водии Ҳисор боқӣ мемонад. Дарозии он 49,3 километрро ташкил медиҳад.
Канали калони Ҳисор наздики 30 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон ва беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ӯзбекистонро обёрӣ мекунад.
Дар мавод аксҳо аз Бойгонии марказии давлатии ҶТ истифода шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.