Сокинони Тоҷикистон бештари маблағи худро барои хариди маҳсулоти ғизоӣ сарф мекунанд. Ин дар ҷараёни тадқиқоти ширкати маркетингии КТМ маълум шудааст.
30% сокинони шаҳр зиёда аз 75% даромади худро барои хӯрокворӣ масраф мекунанд, 35%-и дигар – 50-75%. Боз ҳамин теъдоди мардум 25-50% буҷаи худро барои ғизо харҷ карда, танҳо 1 дарсади аҳолӣ камтар аз 25%-и маблағро бо ин мақсад истифода месозад.
Хабарнигорони “Азия-Плюс” дар кӯчаҳои Душанбе аз мардум пурсон шуданд, ки пули худро ба чӣ сарф мекунанд, музи меҳнаташон чӣ қадар аст ва чӣ гуна даромад онҳоро қонеъ карда метавонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.