Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон видеои гӯё аз ҷониби муовини сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор латукӯб шудани наврасону ҷавононро дар интернет-кафе мавриди омӯзиш қарор додааст.
Видеои латукӯби корбарони интернет-кафе аввали моҳи октябр дар YouTube нашр ва акнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Дар навор дида мешавад, ки марде ба қаҳвахона даромада, ба задани ҷавонон ва наврасон шурӯъ мекунад.
Аз сарлавҳаи навори видео бармеояд, ки ин нафари “муштзӯр” муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор Манучеҳр Раҷабзода аст.
Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки онҳо аз ин навори видео бохабаранд ва онро меомӯзанд.
“Мо аз видеои дар YouTube нашршуда огаҳӣ дорем. Аз рӯйи навори ин видео тафтишот ҷараён дорад. Агар чизе ошкор шавад, ҳатман хабар медиҳем”, – қайд кард ӯ.
Мувофиқи қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, дар Тоҷикистон ба ҷавонони синни то 20-сола шабона рафтан ба интернет-кафе ва марказҳои бозии компютерӣ манъ аст. Барои риоя нашудани ин талаботи қонун дар ҳаҷми 120 сомонӣ (12 доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.