Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Қосимовро субҳи 9-уми ноябр аз хонаашон дастгир карда, ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Ӯ дар ин рӯз 18-сола шуд.
“Хоб будем. Дар тақ-тақ шуд. Омада, гуфтанд, ҳама ҷоро месанҷем, – нақл кард ба “Азия-Плюс” Наим, додари Насимҷон. – Акаам ба онҳо гуфт, ки дарро модарам аз берун қулф карда, рафтааст ва рӯзи душанбе меояд. Онҳо қулфро шикаста, ба хона даромаданд”.
Ҳамсояҳо аз ин ҳодиса дар ҳайрат буда, мегӯянд, байни онҳо кормандони ҷамоатро шинохтаанд ва як зан ҳам будааст.
“Чаро одамро бо чунин тарз, дар набудани модараш мегиранд? Магар ба хизмати ҳарбӣ ҳамин тавр бурдан дуруст аст? Мо ҳам мехоҳем, ки фарзандонамон ба хизмат раванд, лекин на бо чунин тарз. Ман се набера дорам ва намехоҳам, ки онҳоро ин хел ба хизмат баранд”, – мегӯяд ҳамсоязан Мавлуда Саидова.
Ҷойи хизмати Насим аллакай муайян шудааст. Ба гуфтаи волидон, писари онҳоро барои адои хизмат ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Панҷ фиристодаанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ 70% иҷро шудааст. То анҷоми маъракаи даъвати тирамоҳӣ се ҳафтаи дигар мондааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.