Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва “Почтаи Тоҷик” лоиҳаи нодири муштаракро роҳандозӣ менамоянд. Муштариёни оператори алоқа имкон пайдо мекунанд, ки молҳои тавассути мағозаҳои калонтарини интернетии "AliExpress”, “Taobao”, “eBay” ва “Amazon” харидоринамудаи худро на танҳо дар почта, балки инчунин дар толорҳои алоқаи МегаФон дастрас намоянд.
Лоиҳаи нав ба муштариён имкон медиҳад, ки воситаҳои қулайтарини гирифтани молҳои таҳвилдодаи мағозаҳои маъруфи интернетиро интихоб намоянд. Барои ин кофист, ки ҳангоми ба расмият даровардани харид ба сифати нуқтаи ниҳоӣ толори оператор қайд карда шавад. Инчунин назорати ҷараёни таҳвил ва қабули SMS-огоҳиҳо, аз ҷумла огоҳиҳо дар бораи муҳлати омада расидани молҳои харидоришуда имконпазир аст.
“Тасодуфӣ нест, ки ширкати мо дар бозори телекоммуникатсионӣ мақоми ширкати кашшофро соҳиб шудааст. Лоиҳаи муштарак бо “Почтаи Тоҷик” ҳоло дар ҷумҳурӣ шабеҳи худро надорад. Айни замон танҳо ба мизоҷони мо дастраскунии маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо “дар як равзана” дастрас мебошад: ҳангоми ба воситаи интернети босуръати мобилии мо гузоштани фармоиш дар саҳифаи дахлдори мағозаи интернетӣ, мизоҷон метавонанд ҷараёни таҳвили молро назорат карда, сипас онро дар идораи наздиктарини ширкати мо ба даст гиранд!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.