Касе, ки аққалан боре ба Самарқанд рафта бошад, натанҳо Регистони ин шаҳри афсонавӣ, балки нонҳои хуштаъми онро низ дар хотир дорад, ки обашон намегурезад.
“Гала Осиё” – ин ҳамон нони маъруфи самарқандист, ки дар борааш ҳатто ривояти шавқоваре ҳаст. Мегӯянд, амири Бухоро нахостааст, ки дигар ба ӯ аз Самарқанд нон оранду онро дар қаср пазанд. Барои ин ӯ аз Самарқанд нонвоеро низ овардааст, лекин ҳарчанд ин устои нонпаз бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекардааст, нонҳо чун дар Самарқанд ҳосил намешудаанд.
Тахминҳо гуногун буданд: мегуфтанд, шояд орд аз Самарқанд нест ё гап сари танӯру об аст. Таркибҳои лозимиро аз Самарқанд оварда бошанд ҳам, хоҳу нохоҳ нон чун дар Самарқанд тайёр намешуд. Маълум шуд, ки чизи оддие намерасидааст, яъне барои ҳосил шудани “Гала Осиё-нон”-и ҳақиқӣ обуҳавои Самарқандро овардан лозим будааст. Албатта, ин кор ғайриимкон буда, “Гала Осиё-нон” то ҳол танҳо дар Самарқанд пухта мешавад.
Маҳз аз ҳамон ҷо барои Шумо гузориши видеоӣ таҳия кардем.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.