Дар саросари ҷумҳурӣ омодагӣ ба таҷлили Соли нав оғоз гардид. Шаҳри Душанбе инз баҳри шоиста пешвоз гирифтани Соли нави 2020 омода мешавад. Дар ҳамаи гӯшаву канори шаҳр арчаҳои солинавӣ гузошта шудааст.
Арчаҳои солинавӣ назди бозори “Султони Кабир”, бинои Сирки давлатӣ, гулгашти назди бинои Филармонияи давлатӣ, Театри опера ва балет, марказҳои савдои “Садбарг”, “Ашан”, “Рӯдакӣ Плаза”, бинои асосии Донишгоҳои миллӣ гузошта шуда, ба наздикӣ дар ҳамаи боғҳои пойтахт қомат меафрозанд.
Арчаи асосии солинавии кишвар дар майдони “Дӯстӣ” гузошта шуд. Имсол баландии он рекордӣ дар таърихи кишвар – 29 метр буда, масоҳати атофи пояаш 15 метр аст. Арчаи солинавии шаҳри Душанберо 16 ҳазор бозича зеб медиҳад.
Ба ҷуз арчаи солинавӣ, дар майдони “Дӯстӣ” як шаҳраки мукаммали афсонавӣ бунёд шуда, дар атрофи арча манзараҳо бо тасвири қаҳрамонҳои афсонаҳои солинавӣ гузошта мешаванд. Дар дӯконҳои ин шаҳрак туҳфаҳои солинавиро бо шириниҳои гуногун мефурӯшанд.
Шаби 31-уми декабр дар майдони “Дӯстӣ” бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор мешавад.
Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арчаи баландтарин имсол дар Туркманистон гузошта шудааст, ки баландиаш 38 метр мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.