spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати тандурустӣ: Масоили коронавирус зери назорати сарвари давлат аст

Ба Тоҷикистон 2 ҳазор тести оҷилӣ барои муайянсозии коронавирус оварда шудааст. Ҳамчунин дар кишвар ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Масоили коронавирус зери назорати бевоситаи сарвари давлат аст, изҳор дошт дар нишасти хабарии рӯзи 6-уми феврал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода.

“Имрӯз то пагоҳ масъалаи аз шаҳри Ухани музофоти Хубей баровардани 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, донишҷӯёне, ки дар он ҷо ҳастанд, дар назар аст. Имрӯз то пагоҳ онҳо дохили кишвар мешаванд”, – гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Насим Олимзода афзуд: “Мо пурра омода ҳастем. Тавассути тайёра аллакай ба таври оперативӣ аз “Роспотребнадзор”-и Федератсияи Русия 2 ҳазор системаҳои тести оҷилӣ барои муайянсозии коронавирус овардем. Мо омодаем, ки пурра дар шароити Тоҷикистон ҳамин хел ташхис гузаронем”.

Дар биноҳои махсуси карантинии беморхонаҳои Тоҷикистон аллакай 645 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз Чин омадаанд. Дар қаламрави Тоҷикистон чунин биноҳои махсуси карантинӣ барои қабули 4000 кас омода шудаанд. 

Ҳукумати кишвар боз кадом тадбирҳоро андешидааст ва хешовандони одамоне, ки дар карантин нигаҳдорӣ мешаванд, чӣ мегӯянд – тафсилоти бештар дар ин видеогузориши Asia-Plus.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...