Субҳи имрӯз гурӯҳи аввали шаҳрвандоне, ки аз оғози моҳ дар карантин қарор доштанд, аз беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд. Ҳамаи ин 88 нафар аз Чин омада буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои чинии машғули кор дар ба ҷумҳуриамон мебошанд.
Муҳаммадҷон Қаюмовро, ки баъди аз Чин омаданаш ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш дарҳол ба карантин гирифта шуда, муддати 14 рӯз дар он қарор дошт, имрӯз ҷавоб доданд.
Муҳаммадҷон мегӯяд, тамоми рӯзҳои дар карантин қарор доштанаш худро бемор ҳис накарда, шароит дар бемористон хуб буданд.
“Дар ҳар палата 3-4 нафар ҷойгир будем. Ҳамааш хуб буд, се маротиба дар як рӯз хӯрок медоданд. Ҳар се соат табибон ҳарорати ҳамаро месанҷиданд. Ҳеҷ кас гирифтори коронавирус набуд. Албатта, шахсони дорои ҳарорати баланд ҳам буданд, лекин баъд аз муоинаи табибон маълум мешуд, ки ин зуком аст”, – иброз дошт ӯ.
Дар бемористон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки ҳамаи беморони ҷавобшуда чанд муддат зери муоинаи табибон хоҳанд буд.
“Ҳамаи он нафарони ҷавобшуда таҳти назорати табибони беморхонаи мо ва дармонгоҳҳои ҷойи зисташон қарор мегиранд”, – гуфтанд дар бемористон.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон далелҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.