Сарояндаи маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова дар консерт ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок карда, бо сарулибоси ҳарбӣ таронаи “Зебост Тоҷикистон”-ро сароид.
Шеъри ин тарона аз Низом Қосим буда, қаблан он дар иҷрои овозхони шинохта Саидқул Билолов садо медод.
Дар ин консерт, ки рӯзи 22-юми феврал баргузор шуд, дигар сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик низ ширкат варзиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.