Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе ба муносибати ҷашни “Рӯзи модар” ва Рӯзи байнулмилалии занон иқдоми “Модарони Душанбе”-ро баргузор кард.
Дар доираи иқдом автобуси идона зинатёфта тариқи хатсайри №3 дар пойтахт равуо карда, мусофирзанонро бепул ба ҷойи дилхоҳашон мерасонд. Ғайр аз ин, ба бонувон гулу туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Шарики генералии аксия – бузургтарин истеҳсолкунандаи оби нӯшокӣ дар кишвар – ширкати “Оби Зулол” ва тамғаи шинохтаи он – «RC-cola», дигар шарикони иқдом – “ТАХ Ҳумо”, ширкатҳои “Покиза” ва “Неодерм” мебошанд.
Суратгузориши мо аз ҷараёни баргузории иқдоми “Модарони Душанбе”.
Соли гузашта низ гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” чунин иқдом баргузор карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.