Омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд идома дорад. Дар намоиши театришуда 12 ҳазор нафар – хонандагони мактабҳову донишҷӯён иштирок мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд. Дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” дар масоҳати 100 м² саҳна сохта шудааст. Барномаи театришуда аз 20 қисмат иборат аст, ки дар ҳар кадоме аз онҳо 600 нафар иштирок мекунанд.
Дар ин чорабинӣ иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, узви кумитаи тадорукоти ҷашн Сайрам Исоева дар бораи ҷараёни омодагӣ ва шароити муҳайёшуда барои иштирокчиёни чорабинӣ изҳори назар мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.