Дар доираи сафар ба вилояти Суғд раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз баргузор iel, иштирок кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барномаи фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.
Дар намоишгоҳ намунаҳои зиёди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, матои дастбоф, либосҳои миллӣ, читгарию суфгарӣ, қолинҳои дастбоф, ҷомаю тоқидӯзӣ, наққошӣ, кундалсозӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ ва ғайра ҳунари волою тахайюли бою рангин ва маҳорати хосаи ҳунармандони вилояти Суғдро ифода мекарданд.
Раисҷумҳур ба кори ҳунармандон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёву рушди боз ҳам бештари анъанаҳои миллӣ, тарғибу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи шогирдони сазовор дар ҳунармандӣ ҳидоят кард.
Ҳунармандон ва тарроҳону дӯзандагон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои атласу адрасбофӣ ва либосҳои миллию замонавӣ аз ин матоъҳои тоҷикӣ пешниҳод намуданд.
Фестивал-озмуни “Атлас ва адраси тоҷик-2020” дар бахшҳои гуногун бо пешниҳоди либосҳои бонувон ва духтарону писарон аз матоъҳои атласу адраси абрешимию пахтагин баргузор карда шуд.
“Ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида шуд”, – изҳор дошт сарвари давлат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.