Дар робита ба хатари паҳншавии коронавирус дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ҳар субҳ дезинфексия (тамизкунӣ) гузаронида шуда, танҳо пас аз он воситаҳои нақлиёт ба хатсайр мебароянд.
Дар яке аз ширкатҳои хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ғайр аз ин, ронандагони микроавтобусҳоро уҳдадор кардаанд, аз меъёр зиёд мусофир нагиранд, то одамон масофаро риоя карда тавонанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел фавти як марди 60-соларо дар ноҳияи Ҷаббор Рауслов аз коронавирус рад кард.
Зикр шуд, ки наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромад. Аз ин шумора 22 ташхис ба Лондон ва 9 ташхиси ташхиси дигар ба шаҳри Маскав равон карда шуданд, ки натиҷаи онҳо низ манфӣ баромад.
Тибқи маълумоти Вазорат, аз 1-уми феврал то 6-уми апрел 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 4291 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.