Имсол дар шаҳри Душанбе зиёда аз 9 млн адад гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида мешаванд.
Тавре ба “Азия-Плюс” сармутахассиси Раёсати ҳифзи табиати шаҳри Душанбе Саидаҳмад Акрампур хабар дод, аз ин шумор беш аз 7 млн гули мавсимӣ ва зиёда аз 754 ҳазор гули бисёрсола мебошанд. Корҳои гулшинонӣ ҳоло ҳам идома доранд.
Ба гуфтаи мутахассис, мувофиқи нақшаи кабудизоркунӣ, дар боғу гулгашт ва майдонҳои назди маҳаллаҳои аҳолинишини поойтахт шинонидани ниҳолҳои дарахтон ва буттаҳо ҷараён дорад.
“Аз тирамоҳи соли 2019 то моҳи майи соли 2020 шинонидани қариб 97 ҳазор бех ниҳолҳо пешбинӣ шудааст. То имрӯз аллакай беш аз 121,6 ҳазор бех ниҳоли дарахтон ва буттаҳо шинонида шудаанд, ки аз нақша хеле бештар аст”, – афзуд Саидаҳмад Акрампур.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.