spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳукумати Суғд барои пешгирии паҳншавии коронавирус 6,5 млн сомонӣ ҷудо кард

Аз буҷети давлатӣ 6,5 миллион сомонӣ барои пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар вилояти Суғд  ҷудо шудааст.

Имрӯз, 27-уми апрел зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятии зиддиэпидемикӣ дар ин бора маълумот дода шуд.

“Тибқи иттилои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, бо харҷи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маҳлулҳои безараркунанда, ниқобҳои махсуси тиббӣ ва антисептикҳо харидорӣ шуданд. Ҳамзамон ба маблағи 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ дастгоҳҳои зарурии тиббӣ, аз қабили ИВЛ, кардиомонитор, пулси оксиметрӣ, инчунин корҷомаҳои тиббӣ ва 40 намуди доруворӣ хариданд”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Ба қавли манбаъ, дар зарурат боз иловатан маблағ ҷудо карда мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Давоми чанд шабонарӯзи охир дар шаҳри Хуҷанд кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо, истгоҳҳо, роҳравҳо, даромадгоҳи хонаҳои баландошёна ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпедимологӣ дезинфексия карда мешаванд.

Сардори ин марказ Эҳсон Саидов гуфт: “Се шабонарӯз инҷониб 15-18 нафар кормандону мутахассисон ҷойҳои ҷамъиятиро бо маҳлулҳои махсус безарар мекунанд. Асосан, ин корҳоро мо шабона баъд аз соатҳои 23 ё 24, вақте мардум дар хонаҳояшон ҳастанд, амалӣ мекунем”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд онҳоро бо техника ва маҳлулҳо таъмин кардаанд. Ҳоло 22 таҷҳизоти дастӣ ва як нақлиёти обпош барои корҳои безараргардонӣ истифода мешаванд.

Ҳамзамон аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ки безараргардонӣ бо маҳлулҳои махсус дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (10)










Имрӯз вобаста ба пешгирии COVID-19 гурӯҳи безараргардонии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд низ беш аз 10 бинои баландошёнаи маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷандро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлорид натрий дезинфексия кард.

Сухангӯйи ин ниҳод Шаҳзода Бутаева қайд кард, ки безараргардонӣ марҳила ба марҳила на танҳо дар Хуҷанд, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ амалӣ хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...