spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пешгирии паҳншавии коронавирус дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳои Тоҷикистон

Айни замон дар Тоҷикистон карантини саросарӣ эълон нашудааст ва ташкилоту корхонаҳо фаъолият доранд. Дар ин вазъият чӣ бояд кард, то кормандон гирифтори бемории сироятии COVID-19 нашаванд?

Рӯзи 15-уми июн дар Тоҷикистон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 фаъолияти ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ оғоз шуд. Аз ҷумла, марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаю осоишгоҳҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн ва ғайра дубора ба кор даромаданд.

Дар қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ омадааст, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби аҳолӣ бо назардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва терминалҳои мусофиркашонӣ тақвият дода шавад. Фаъолияти муассиса ва марказҳои хизматрасонӣ бояд бо риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ҷараён гирад.

Оë ташкилоту муассиса ва корхонаҳои Тоҷикистон барои сироят наëфтан ба COVID-19 макони бехатаранд? Уҳдадориҳои роҳбарон ҷиҳати бемор нашудани кормандон кадоманд? Кӣ ҳуқуқи гирифтани варақаи корношоямӣ дорад?

Дар барномаи “Робита”-и Телевизиони “Ҷаҳоннамо” ин ва дигар масоили марбута бо муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемилогӣ Наврӯз Ҷаъфаров, дотсенти кафедраи эпидемилогия ва бемориҳои сироятии факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маърифат Абдуллоева, сардори раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Раҷаб Раҷабов ва дигарон таҳлилу баррасӣ шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҷойи кори худро барои пешгирии COVID-19 омода кунед

Бовар ҳосил кунед, ки ҷойи кори шумо аз назари беҳдоштӣ тоза аст

• Ба фаррошону кормандони хизматрасон дастури иловагӣ оид ба чораҳои пешгирӣ диҳед ва онҳоро бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ таъмин кунед.

• Дар коргоҳ тозакунии босифати намнок бо истифода аз воситаҳои безараргардонӣ бояд мунтазам гузаронида шавад.

• Поксозии коргоҳ: 3 бор дар як рӯз (ҳуҷраҳои дастшӯйӣ – ҳар 2 соат, болои мизу курсиҳо – 2 бор дар як рӯз).

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чӣ гуна дар коргоҳ худро аз коронавирус метавон ҳимоя кард?

• Болои мизу курсиҳо ва ашё (масалан, телефонҳо, клавиатура) бояд бо истифода аз воситаҳои безараргардонӣ ва поксозие, ки барои ин мувофиқанд, бо риояи дастурамали барчасб тоза карда шаванд.

• Ба поксозӣ ва безараргардонии дастаҳои дар, ашёву ҷойҳои дастрас (болои мизу курсиҳо ва таҷҳизоти корӣ), маконҳои истифодаи умумӣ (ошхона, ҳуҷраи истироҳат, ҳоҷатхона) бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

• Бовар ҳосил кунед, ки дар коргоҳ ҳадди ақалл захираи панҷрӯзаи воситаҳои безараргардонӣ барои тоза кардани дастони кормандон ва поксозии ҳуҷраҳои корӣ вуҷуд дорад.

• Ҳар 2 соат тирезаҳоро кушода, ҳавои коргоҳро тоза кунед.

Зарурати дастшӯйӣ

• Дар ҷойҳои намоёни коргоҳ маҳлулҳои антисептикии спиртдор гузоред, аз ҷумла, дар пеши даромадгоҳ, дар ҳар ошёна, дар назди ҳоҷатхонаҳо. Дастурамали Созмони ҷаҳонии тандурустиро оид ба шустани дастон дар девори ҳуҷраҳои дастшӯйӣ часпонед.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Барои пешгирии коронавирус ниқоби тиббиро чӣ гуна бояд истифода кард

• Ҳамаи кормандон, пудратчиён ва муштариён бояд ба ҷойҳое дастрасӣ дошта бошанд, ки дар онҳо дастони худро бо собун шуста метавонанд.

• Бовар ҳосил кунед, ки теъдоди зарурии сатилҳои партови сарпӯшдор барои партофтани дастпокчаю ниқобҳои яккаратаи истифодашуда ва дигар ашёи пешгирикунандаи сироят мавҷуданд.

Ғизо дар ҷойи кор

• Аз зарфҳои яккарата истифода карда, сипас онҳоро ҷамъ оваред, безарар (дезинфексия) ва маҳв кунед.

• Барои истифодаи бисёркаратаи косаю табақ, онҳоро дар мошини зарфшӯйӣ бо ҳарорати на кам аз 65 дараҷа ва ё дастӣ дар оби гарм бо маҳлулҳои безараргардонӣ бишӯед.

• Агар ошхона набошад, тавсия мешавад, ки ғизо на дар ҷойҳои корӣ, балки дар ҳуҷраи махсус истеъмол карда шавад (агар ҳуҷраи махсус набошад, ягон утоқе интихоб кунед, ки ҷойи дастшӯйӣ дошта бошад).

Нафаси тоза

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ораши Алоӣ: “85% шахсони гирифтори COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд”

• Овезаҳоеро дар девор часпонед, ки гигиенаи нафасро бо дигар тадбирҳои иттилоотӣ, ба монанди пешниҳоди машварат, дастурамал ва ғайра тарғиб мекунанд.

• Бовар ҳосил кунед, ки дар коргоҳи шумо теъдоди кофии ниқобҳои тиббӣ ва дастпокҳои коғазӣ мавҷуданд.

• Бемории сироятии COVID-19 дар ҷомеаи мо паҳн шудааст, бинобар ин, ҳар як одаме, ки ҳатто сулфаи сабук дорад ва ҳарорати баданаш 37,3⁰ C ё баландтар аз он аст, бояд дар хона бимонад.

• Ҳамчунин одамоне бояд дар хона бимонанд (ё дар хона кор кунанд), ки доруҳои парасетамол, ибупрофен ё аспирин хӯрдаанд, зеро аломатҳои сироятро ноаён карда метавонанд.

• Маълумот паҳн кунед, ки одамон бояд дар хона бимонанд, ҳатто агар аломатҳои сабуки бемории COVID-19 дошта бошанд.

• Зимни пайдоиши аломатҳои шамолхӯрӣ кормандони соҳаи тибро ба хона даъват кардан лозим аст. Беш аз 85%-и одамон давраи сироятёбиро осон мегузаронанд ва дар хона бо таъиноти табиби оилавӣ шифо ёфта метавонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Карантини хонагӣ барои кӣ зарур аст ва чӣ талабот дорад?

• Маълумот дар шакли овеза ё варақаи иттилоотӣ оид ба тарзи дурусти шустани дастон, фосилаи ҷисмонӣ, истифодаи дурусти ниқоб, аломатҳои асосии коронавирус, қоидаҳо, инчунин муроҷиати саривақтӣ барои даъвати ёрии тиббӣ бояд дар ҷойи намоён овезон бошад.

• Ҳар як корманди шумо бемор шуда метавонад. Дар ҳолати бемор шудани баъзе кормандоне, ки беҳбудии вазъи дигарон ба онҳо вобаста аст (масалан, муҳосиб), чӣ гуна муваққатан иваз кардани онҳоро барои таъмини фаъолияти мунтазами коргоҳ пешбинӣ кунед.

• Дар ёд дошта бошед: ҳар як корманди беморшуда ба таваҷҷуҳ ва ғамхории шумо ниёз дорад. Фосилаи ҷисмонӣ зарур аст, аммо дастгирии иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори коронавирус барои зудтар шифо ёфтани онҳо кумак мерасонад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...