Дар Майдони Сурхи Маскав ин дақиқаҳо ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузашти низомӣ ҷараён дорад.
Рӯзи 23-юми июн ҷиҳати иштирок дар ин маросим раисҷумҳурони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавакат Мирзиёев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Маскав рафтанд, ки айни замон дар он ҳузур доранд.
Онҳо инчунин дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди пояи Сарбози номаълум ва қабули фахрӣ низ ширкат меварзанд.
Дар ин гузашти низомии Ғалаба наздики 15 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла, як воҳиди сарбозону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва беш аз 200 адад техника, инчунин тибқи маълумоти пешакӣ, 75 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ иштирок доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.