Дар филми мустанади “Мардикор” оид ба мушкилоти занони коргар аз шаҳри Бохтар, ки дар 100 километрии Душанбе воқеъ аст, ҳикоят мешавад.
Ин филм аз зиндагии якрангу хеле душвори занҳои бенаво қисса мекунад, ки аз ноилоҷӣ худро ба бозори худҷӯши меҳнат задаанд. Аксари ин занҳо бори рӯзгорро танҳо мекашанд, зеро ҳамсарони муҳоҷирашон муқими Русия гардида, дубора на ёди Ватан ва на ёди аҳли байт накардаанд. Дар бозори мардикори шаҳри Бохтар ҳам модарони серфарзанд ва ҳам духтарони ҷавону ноболиғро дидан мумкин аст, ки ҳар яки онҳо бо азми мардона барои як бурда нони беминнат рӯзбайъ шуғле меҷӯянд.
Дар Тоҷикистон, ки расман беш аз 53 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, пайдо шудани ҳар гуна бозори кор маъмулист. Агар пештар дар ин бозорҳо танҳо мардон хизмати худро пешниҳод мекарданд, ҳоло дар ин ҷо метавон бо заноне ҳам дучор шуд, ки барои 2-3 доллар ба иҷрои ҳама гуна кори вазнин омодаанд.
“Дар филми ҳуҷҷатии кӯтоҳмуддати “Мардикор” оид ба рӯзгору тақдири маҳз чунин занон маълумот дода мешавад. Шавҳарони онҳо солҳои тӯлонӣ дар Русия буда, барои таъмини зиндагии онҳо пул намефиристанд. Бисёре аз занони бекори ин бозор ҳатто шаҳодатномаи хатми мактаби миёна надоранд ва аз нисф зиёдашон серфарзанд мебошанд”, – иброз дошт коргардони филм Маҳпора Киромова.
Филми мазкур дар доираи “Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мешавад, таҳия шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.