Бемории сироятии COVID-19 ним соли охир мардумони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ташвишу таҳлука гузоштааст.
Дар чанд ҳафтаи охир сирояти коронавирус рӯ ба камшавӣ овардааст. Ин мардумро таскин мебахшад. Аммо тарафи дигари масъаларо низ ошкоро бояд гуфт: коҳиш ёфтани коронавирус то андозае сокинони Тоҷикистонро бепарво кардааст. Бархе дар кӯчаю хиёбонҳо, мағозаву бозорҳо бениқоб мегарданд. Бо ёру дӯстон бениқоб суҳбат карда, ҳамзамон дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба одитарин қоидаҳои гигиена риоя намекунанд.
Рӯ ба камшавӣ овардани коронавирус ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо комилан хотирҷамъ бошему тавсияҳои табибонро нодида гирем. Бояд бидонем, ки ҳоло ҳам хатар ҳаст. Бемориҳои сироятӣ бештар дар натиҷаи бепарвоӣ ва риоя накардани тозагии шахсӣ паҳн мешаванд.
– Шахси гирифтори бемории COVID-19 то чанд муддат сарчашмаи сирояти коронавирус барои атрофиён буда метавонад?
– Оё шахсоне, ки гирифтори COVID-19 шуданд, баъди шифоёбӣ аз ин беморӣ масуният пайдо мекунанд ё эҳтимоли дубора сироят ёфтани онҳо вуҷуд дорад?
– Сару садо миёни мардум дар мавриди он, ки гӯё дар фасли тирамоҳ марҳилаи дуюми ин беморӣ авҷ мегирад, то куҷо ҳақиқат дорад?
– Айни замон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хатари сар задани мавҷи дуюми COVID-19-ро пешгӯйӣ мекунад. Омилҳои он кадоманд ва чӣ бояд кард, ки дар Тоҷикистон хуруҷи дубораи ин бемории сироятӣ ба амал наояд?
– Яке аз гурӯҳҳои хавфнок дар интиқол ва паҳн кардани коронавирус шахсоне мебошанд, ки ба он сироят ёфтаанд, аммо зоҳиран ягон аломати бемории COVID-19 надоранд. Оё дар Тоҷикистон имкони пайдо кардани чунин афрод мавҷуд аст ва дар сурати дарёфти онҳо риояи қоидаҳои карантини хонагӣ кадомҳоянд?
Ба ин ва дигар суолҳои ровии барномаи “Мадади Сино” – сарвари Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова дар эфири Телевизиони “Тоҷикистон” коршиносони варзида – муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров, сартабиби Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” Мунира Каримова, инчунин табиби сироятшинос, доктори илмҳои тиб, профессор Эркин Раҳмонов посух гуфтанд.
Аз тамошои намоиши мазкур баҳравар шавед.
Чӣ хел бояд худро аз коронавирус ҳимоя кард?
Дастурамали кӯтоҳ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19
Дастони худро пайваста бо собун бишӯед
– дастонро на кам аз 40 сония шустан лозим аст.
Агар обу собун дастрас набошанд, маҳлули антисептикӣ барои дастонро истифода кунед, ки на кам аз 70% спирт дошта бошад.
Дастони худро бишӯед, вақте:
• ифлос шуданд;
• баъд аз он, ки дар ҷойи ҷамъиятӣ будед ва ба ашёи гуногун даст расондед (дастаҳои дар, дастқапи дохили нақлиёт, тугмаҳои лифт, зангӯлаи дар ва ғайра);
• баъд аз сулфа ё атсазанӣ;
• дар вақти нигоҳубини шахсони бемор;
• пеш аз, дар вақти ва пас аз омодасозии ғизо;
• пеш аз ғизохӯрӣ;
• баъд аз ҳоҷатхона;
• пас аз дастшӯйӣ ҷумаки обро на бо дастони тоза, балки бо оринҷ ё дастпокчаи коғазӣ маҳкам кунед.
Фосилаи ҷисмониро ҳатман риоя кунед
1. Фосилаи байни шумо ва одамони дигар бояд на кам аз 2 метр бошад, хусусан, агар шумо ё шахси дигар месулфед ё атса мезанед.
2. Байни шумо ва ҳар каси дигар бояд фосила нигоҳ дошта шавад, масалан, дар лифт, мағозаҳои хурд, бонк, дорухона, ё назди банкоматҳо. Шумо бояд саросема нашуда, фосиларо дар навбат нигоҳ доред.
3. Ҳангоми дидори хешовандону шиносҳои худ бо даст салом накунед ва ба оғӯш нагиред: саломи бехатар дастафшонӣ ва ё таъзим аст.
Ба чашмону бинӣ ва даҳони худ бо дасти ношуста нарасед
Чашмону бинӣ ва даҳон даромадгоҳи коронавирус ба ҷисми инсон аст.
Риояи гигиенаи нафас муҳим аст
• Дар вақти сулфа ё атсазанӣ даҳону бинии худро бо рӯймолчаи яккарата пӯшонед. Онро баъд аз истифода фавран ба сатили партови сарпӯшдор партоед.
• Ҳар дафъа баъд аз сулфа ё атсазанӣ дастони худро бишӯед.
Агар таб ва сулфаю нафаскашии душвор дошта бошед, фавран барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кунед
• Агар худро бад ҳис кунед, дар хона бимонед ва бо одамони дигар вонахӯред.
• Агар таб, сулфа, нафаскашии душвор ё аломатҳои дигари сироятёбии коронавирус дошта бошед (эҳсос накардани бӯй ва таъм, бемадорӣ ва дарунравӣ), ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед.
• Рақамҳои телефони хадамоти тиббӣ дар аксари даромадгоҳи хонаҳо часпонида шуда, ба воситаи телевизион ва радио эълон мешаванд.
• Агар рақами телефони табиби оилавиро ёфта натавонед, ба рақами 511 занг занед ва онҳо ба шумо маслиҳати зарурӣ дода, ҳамчунин маълумот медиҳанд, ки бо дармонгоҳи маҳалли зисти худ бояд чӣ гуна тамос гиред.
• Зимни эҳтимоли сирояти коронавирус табиби оилавии шумо барои гузаштани ташхис роҳхат медиҳад ва масъалаи хобонидан дар беморхонаро ҳал мекунад, ё бо шумо оид ба назорату муолиҷа дар хона қарор қабул мекунад.
• Қариб 85%-и одамон давраи сироятёбиро осон мегузаронанд ва дар хона бо таъиноти табиби оилавӣ шифо ёфта метавонанд. Зимнан риояи қоидаҳои карантин ҳатмист, ки дар ин хусус ба шумо корманди тиббӣ маълумот медиҳад.
• Дар ёд дошта бошед: муроҷиати саривақтӣ барои дарёфти кумаки тиббӣ асоси табобати муваффақона аст.
Бохабар бошед ва аз рӯйи тавсияҳои табиби худ амал кунед
• Аз навигариҳои марбут ба COVID-19 воқиф бошед
• Тавсияҳои табиби оилавӣ, мақомоти тандурустӣ ё роҳбарияти коргоҳатонро оид ба чӣ гуна ҳимоя кардани худ ва атрофиён аз COVID-19 риоя кунед.