Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ субҳи имрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт эстакадаи дуюми сесатҳаро ифтитоҳ карданд.
Имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт пурра барқарор шуд. Ифтитоҳи эстакада якчанд бор мавқуф гузошта шуда, инак рӯзи 10 июл боз шуд. Ҷараёни ифтитоҳи эстакада дар суратгузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.