Мутаассифона, шумораи корбарони “фейкӣ“ ё қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам нестанд. Онҳо зери ниқоби ному маълумоти бардурӯғ пинҳон шуда шарҳҳои пурҳақорат менависанд, мардумро ба роҳҳои бад даъват менамоянд, ба таблиғот машғул мешаванд ва ё тухми кинаю адоват мекоранд. Аммо на ҳама корбари шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро зуд шинохта метавонад.
Дар ин видео мо нишон додем чӣ хел осон дар асоси тафтиши саҳифа корбарони “фейкӣ”-ро метавон шинохт.
Видео дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!