Деҳаи Зебони ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, ки дар 7 километрии ҷануби шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, на хонаи саломатию варзишгоҳ, на сартарошхонаю клуб, на чойхона ва на коргоҳи дӯзандагию маркази ҳунаромӯзӣ надорад.
Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардаву аз ин тасмим беш аз 1,5 сол сипарӣ шудааст.
Сокинони деҳа мегӯянд, аз тамоми объектҳои маишиву иҷтимоӣ маҳруманд ва ҷое барои машғулият ё истироҳати наврасону ҷавонон, пиронсолон ва занону духтарон надоранд.
Раиси деҳаи Зебон Соҳибҷон Юнусов мегӯяд, пештар дар деҳа ҳам чойхона буду ҳам клуб ва ҳам хонаи саломатӣ, вале ин объектҳоро ба кадом нафаре фурӯхтанду ин маконҳо шахсӣ шуданд. Ба қавли ӯ, соҳибмулк табибонро аз ҷойи корашон пеш кардааст.
“Ҳамчунин 2 сол қабл масъулини ҳукумати шаҳр омада, барои бунёди варзишгоҳ ба мо ҷойро интихобу нишон дода буданд, вале соли гузашта дар ҷойи муқарраркардаи онҳо манзили истиқоматӣ бундёд шуд”, – изҳор дошт раиси деҳаи Зебон.
Ба гуфтаи сокинони ин деҳа, қисми зиёди заминҳо ба дасти як авлод тақсим шудаасту объектҳои маиширо ҳам онҳо соҳиб шудаанд.
Бошандагони Зебон умед доранд, то анҷоми “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзашонро масъулин мешунаванду баҳри ободии деҳа ва сохтани иншооти маишӣ чорае меандешанд.